Август 25, 2017 19:12 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди имомхатибони Тоҷикистон ба фаъолияти макотибу донишгоҳҳо дар Иди Қурбон

Имомони масҷидҳои Тоҷикистон бо ишора ба ҳамзамонии оғози соли таҳсили ҷадид бо Иди Қурбон дар ин кишвар бар бозгушоии макотибу донишгоҳҳо дар рӯзи Иди саиди Қурбон ва ҳузури талабагону донишҷӯён дар ин рӯз дар дарс таъкид карданд.

Ба гузориши сойти “ТопТҶ” , бо мусодиф шудани Иди саиди Қурбон бо рӯзи аввали моҳи сентябр, оғози соли таҳсили ҷадид дар марказҳои омӯзишии Тоҷикистон имомхатибони масҷидҳои ин кишвар дар намози ҷумъаи ин ҳафта рафтани талабҳо ва донишҷӯёнро ба мактабу донишгоҳҳо дар рӯзи Иди Қурбон хостор шуданд. Имомхатибони Тоҷикистон гуфтаанд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ду рӯз баъд, яъне рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Тоҷикистон таътили расмӣ аст, талабаҳову донишҷӯён метавонанд идгардаки худро ба ин рӯзҳо гузоранд. Ҳамчунин имомони масоҷиди Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар хостаанд, ки идгардаки кӯдакони худро ба хонаҳо ва муҳити атрофи зиндагии худ маҳдуд кунанд. Дар идҳои Фитру Қурбон дар Тоҷикистон, бар асоси як суннати дерина, кӯдакон бо рафтан ба хонаи ҳамсояҳо бо табрики фаро расидани ид аз соҳибхонаҳо ҳадяҳое, назири ширинӣ, кулча ё чизи дигар мегиранд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон якуми сентябр, рӯзи Иди саиди Қурбонро оғози соли таҳсили ҷадид дар марокизи омӯзишии ин кишвар эълом кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар манотиқи мусалмоннишини Русия, назири ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқиристон, Доғистон ва Чеченистон, ки соли таҳсили ҷадид дар рӯзи Иди саиди Қурбон оғоз мешавад, рӯзи аввали фаъолияти марокизи омӯзиширо ба рӯзи душанбе, сеюми сентябр мунтақил кардаанд.

 

Барчасп