Рутбаҳои генерал-полковник ба се мақоми баландпояи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i22210-Рутбаҳои_генерал_полковник_ба_се_мақоми_баландпояи_Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати бистушашумин Солгарди истиқлоли ин кишвар ба 300 нафар аз мақомоти интизомӣ, амниятӣ ва масъулони идорот ва ниҳодҳои ҳукуматӣ, намояндагони илму фарҳанг ва фаъолони бахши хусусӣ дараҷа, нишон ва медалҳои мухталиф эъто кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 26, 2017 04:36 Asia/Dushanbe
  • Рутбаҳои генерал-полковник ба се мақоми баландпояи Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати бистушашумин Солгарди истиқлоли ин кишвар ба 300 нафар аз мақомоти интизомӣ, амниятӣ ва масъулони идорот ва ниҳодҳои ҳукуматӣ, намояндагони илму фарҳанг ва фаъолони бахши хусусӣ дараҷа, нишон ва медалҳои мухталиф эъто кард.

Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, барои хадамоти шоиста ба 3 мақоми аршади интизомӣ, амниятӣ ва додгустарии ин кишвар дараҷаҳои низомии сарлашкарӣ (генерал-полковник) эъто кард.

 Ба ин тартиб Рамазон Раҳимзода ва Саидмуъмин Ятимов, вазири умури дохидӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дараҷаи низомии сарлашкариро дарёфт карданд.

Ҳамчунин бо ҳукми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Юсуф Раҳмон- додситони кулли ин кишвар низ дараҷаи сарлашкари адлия эъто шудааст.

Дараҷаи сарлашкарӣ болотарин рутбаи низомӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва танҳо раиси ҷумҳурии ин кишвар ба унвони фармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳ дорои дараҷаи низомии артишбуд (генерал-армия) аст.