Сентябр 01, 2017 17:38 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Чину Тоҷикистон барои афзоиши ҳамкориҳои амниятӣ

Дар сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин ду кишвар тавофуқ карданд, ҳамкории роҳбурдии ҷомеътаре бо якдигар дошта бошанд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Вазорати умури хориҷии Чин аз тавофуқ бо Тоҷикистон барои табодули иттилооти амниятӣ миёни ду тараф бо ҳадафи тақвияти равобити дипломатии ду кишвар дар сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин хабар дод. Бар асоси баёнияи Вазорати умурии хориҷии Чин, Си Ҷин Пинг ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурҳои Чину Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе тавофуқ карданд, ду кишвар мушорикати роҳбурдии ҷомеъ бо ҳам барқарор кунанд. Ҳамчунин ду тараф тавофуқ карданд, Пекину Душанбе аз тариқи табодули иттилоот ба раванди мубориза бо таҳдидоти террористӣ, ҷудоиталабӣ, ифротгароии мазҳабӣ, гурӯҳҳои ҷиноии байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир кумак кунанд.

Чину Тоҷикистон ҳамкориҳои дифоӣ, амниятӣ ва интизомиро тақвият ва мубодилоти иттилоотиро густурдатар хоҳанд кард. Чин қасд дорад, Роҳи Абрешимро бо васли муҷаддади масирҳои тиҷорӣ аз марзи ин кишвар ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷанубу шарқи Осиё бозсозӣ кунад, ки ин мавзӯъ нигарониҳои амниятии ҷадиде барои ин кишвар ва ширкатҳои чинӣ эҷод кардааст. Дар ин зимн Чин талош мекунад, бо густариши ҳамкориҳои амниятӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва манотиқи дигар амнияти Роҳи Абрешими навинро фароҳам кунад.

 

Барчасп