Сентябр 02, 2017 09:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати барқу оби гарм дар Тоҷикистон

Қимати барқ ва оби гарм аз аввали моҳи сентябр дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Ба гузориши сайти “Ахбори Осиёи Марказӣ”, мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик аз мувофиқати ҳукумати Тоҷикистон бо афзоиши қимати барқ ва оби гарм дар ин кишвар аз аввали моҳи сентябр хабар дода ва дар айни ҳол гуфтаанд, ки ҳанӯз мусаввабаи расмии давлат дар ин замина ба дасти онон нарасидааст.

Бо пешниҳоди ширкати давлатии Барқи Тоҷик қимати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ то кунун 14,6 дирам будааст, ки бар асоси таъруфаҳои ҷадид ба 16,6 дирам хоҳад расид.

Ҳамчунин бо пешниҳод Бонки Ҷаҳонӣ барои афзоиши солонаи қимати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ дар бахши хонагӣ, ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад, ки соли 2020 қимати барқи бахши хонагиро ба 20 дирам бирасонад. Бо ин ҳол, афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон шомили корхонаи алюминий, ки бузургтарин қарздор ба ширкати давлатии Барқи Тоҷик ба ҳисоб меояд, намешавад.

Бар ин асос, ин корхона барои ҳар киловатт соат барқи масрафӣ дар фасли тобистон 7,2 дирам ва дар замистон 11,8 дирам пардохт хоҳад кард.

 Ҳол он ки қимати тамомшудаи ҳар киловатт соат барқи масрафии тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқӣ- обии Тоҷикистон 2 дирам аст.

Мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик мегӯянд, ки барои таҷҳиз ва навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқӣ-обии ин кишвар бо беш аз 50 сол хадамотрасонӣ ниёз ба ҷазби сармояи хориҷӣ доранд ва шарти ихтисоси вомҳо ва  манобеи молӣ аз сӯи кишварҳо ва Бонки Ҷаҳонӣ афзоиши қимати барқи масрафӣ дар ин ҷумҳурӣ аст.

 

Барчасп