Сентябр 06, 2017 09:18 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи фаъолияти корхонаи тиллои “Зарафшон”

Бузургтарин корхонаи тавлиди тиллои муштараки Чин ва Тоҷикистон ба номи “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, фаъолияти худро мутаваққиф кардааст.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, манобеи наздик ба мудирияти ин корхона иллати мутаваққиф шудани фаъолияти ин марказро поёни эътибори муҷаввизи ширкати муштараки Чин ва Тоҷикистон эълом кардаанд, ки бояд бо музокироти мақомоти Вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди ин кишвар ва тарафи чинӣ ҳалу фасл шавад.

75 дарсад аз саҳҳоми молии корхонаи тиллои “Зарафшон”, мутааллиқ ба ширкати чинии “Зиҷин” ва 25 дарсад низ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дорад. То вуруди ширкати ёдшудаи чинӣ ба тавлиди тилло дар корхонаи “Зарафшон”, 49 дарсад аз саҳҳоми молии он мутааллиқ ба ширкатҳои бритонёӣ ва 51 дарсад дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон буд. Аз ин рӯ, бархе коршиносони тоҷик мӯътақиданд, ки созишномаи феълии тақсими саҳҳоми молии ин корхона ба мизон 75 дарсад, моли ширкати чинӣ ва 25 дарсад аз-они Тоҷикистон, одилона ва мунсифона нест ва бояд, ки ҳангоми баррасии мавзуи тамдиди муҷаввизи фаъолият ин корхона бар афзоиши саҳми бештари тарафи тоҷикистонӣ таъкид шавад.

Дар ширкати тавлиди тиллои муштараки Чин ва Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор нафар аз сокинони ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд фаъолият мекунанд ва 60 дарсад аз даромади корхонаҳои санъатии ин минтақа, низ аз ҳисоби ин марказ таъмин мешавад.

 

Барчасп