Эҳтимоли хуруҷи ширкатҳои нафтии хориҷӣ аз Тоҷикистон
(last modified Mon, 15 Aug 2016 07:17:45 GMT )
Август 15, 2016 12:17 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли хуруҷи ширкатҳои нафтии хориҷӣ аз Тоҷикистон

Хабаргузории Азия-Плюс муддаӣ шудааст, ки ширкатҳои нафтии хориҷӣ тирамоҳи имсол аз Тоҷикистон хориҷ мешаванд.

Ба иттилои сайти Азия-Плюс, ширкҳое ҳамчун Тотали Фаронса, СНПС-и Чин ва ширкати англисӣ-канадаии Tethys petroleum тирамоҳи имсол Тоҷикистонро тарк мекунанд ва ширкати русии Газпром низ дар ҳоли баррасии ин мавзуъ аст.

Ин хабарро афроди наздик ба ин ширкатҳо эълом кардаанд, аммо дафотири намояндагии ин ширкатҳо дар ин маврид посухи равшане намедиҳанд.

Азия-Плюс афзоиши андозро иллати эҳтимолии хуруҷи ширкатҳои нафтӣ аз Тоҷикистон медонад, ки ба ҷанҷоле миёни ин ширкатҳо ва Кумитаи андози ин кишвар табдил шудааст.

Мудири дафтари намояндагии Ширкати русии Газпром эълом кардааст, ки ба далели боло будан мизони андоз дар Тоҷикистон фаъолият дар ин кишвар зиёни иқтисодӣ ба ҳамроҳ дорад.

Бар асоси тавофуқномаи ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷии нафтӣ, ки дар соли 2012 имзо шудааст, ин ширкатҳо бояд 30 дарсад аз тавлидоти худ ва ё муодили молии онро баунвони андоз ба ҳукумати Тоҷикистон бипардозанд, ки барои ин ширкатҳо сарфаи иқтисодӣ надорад.

Баҳори имсол ҳам Ширкати фаронсавии Тотал дар додгоҳе дар Тоҷикистон ба пардохти беш аз 62 миллион сомонӣ ҷаримаи андозӣ маҳкум шуд.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои нафтии хориҷӣ барои иктишофи нафт ва газ дар Тоҷикистон 100 то 200 миллион доллар сармоягузорӣ карда ва ҳануз ба натиҷае нарасидаанд.

Аз ин рӯ эҳтимоли шикояти ширкатҳои нафтии хориҷӣ ба додгоҳи байналмилалӣ барои ҷуброни хисорати ворида дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Тоҷикистон беш аз 95 дарсад аз ниёзи худ ба сӯхтро аз воридот таъмин мекунад.