Сентябр 19, 2017 09:04 Asia/Dushanbe
  • Дархости ширкати олмонӣ барои мушорикат дар сохти нерӯгоҳи Роғун

Мудири дафтари намояндагии ширкати олмонии “Сименс” дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мушорикат дар сохти нерӯгоҳи обии Роғун дар Тоҷикистонро хостор шуд.

Ба гузориши сайти “Авесто”, Дитрих Миллер пас аз сафар ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯ бо мақомоти ин кишвар аз тамоюли ин ширкат барои мушорикат дар тарҳҳои сохти нерӯгоҳи обии Роғун ва хати КАСА- 1000 хабар дод.

 Вай гуфтааст, ки дар дидор бо Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва коргурӯҳи назорат бар тарҳҳои энержии ин кишвар мавзӯи имкони мушорикати ширкати олмонии “Сименс” дар сохти нерӯгоҳи обии Роғун ва хати КАСА- 1000 баррасӣ шуда ва ширкати “Сименс” тарҳҳои худро дар ин замина ба мақомоти тоҷик ироа кардааст.

Ба гуфтаи Миллер, ин пешниҳодот шомили сармоягузории молӣ, интиқол ва насби таҷҳизот ва омӯзиши мутахассисони тоҷик мешавад.

Мудири дафтари намояндагии ширкати олмонии “Сименс” ва ҳайати ҳамроҳи вай дар боздид аз нерӯгоҳи дар ҳоли сохти Роғун бо раванди насби истгоҳҳои барқи фишорқавӣ ошно шуданд.

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2016 бо эъломи натоиҷи муноқисаи байналмилалии сохти нерӯгоҳи обии Роғун, такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии “Салини Импреҷило”  вогузор кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шуд, ки то поёни соли 2018 ду турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии Роғунро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

 

Барчасп