Лағви муҷаввизи фаъолияти муассисаи молӣ ва эътибории “Бунёд-М” дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23311-Лағви_муҷаввизи_фаъолияти_муассисаи_молӣ_ва_эътибории_Бунёд_М_дар_Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи фаъолияти муассисаи молӣ ва эътибории мавсум ба Бунёдро дар ин кишвар, лағв кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 20, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Лағви муҷаввизи фаъолияти муассисаи молӣ ва эътибории “Бунёд-М” дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи фаъолияти муассисаи молӣ ва эътибории мавсум ба Бунёдро дар ин кишвар, лағв кард.

Сойти Бонки миллии Тоҷикистон эълом кард, муҷаввизи ин муассисаи молӣ ва эътиборӣ, ки дар моҳи майи соли 2014 содир шуда буд, лағв шудааст.

Дар иттилоияи Бонки миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки мудирияти муассисаи молӣ ва эътибории “Бунёд-М”, бояд бо эҷоди комиссияи вижае ҳисобҳои молии худ бо муштариёнро тасфия кунад.

Дар Тоҷикистон ба иллати буҳрони молии солҳои ахир, муҷаввизи фаъолияти ду бонк ва беш аз 17 муассисаи молӣ ва эътиборӣ лағв шуда ва садҳо корманди ин марокиз бекор шудаанд.

Иқтисоддонони тоҷик иллати умдаи варшикастагии бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибориро коҳиши шадиди даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия медонанд, ки бозори муомилоти дохилии ин ҷумҳуриро бо ошуфтагӣ рӯбарӯ кардааст.

Коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар ирсол кардаанд, ки дар соли 2016 ин шохис ба як миллиарду 900 миллион доллар коҳиш ёфтааст.