Коҳиши худкушӣ дар Тоҷикистон
Омори худкушӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ва дар Узбакистону Қазоқистон рӯ ба афзоиш аст.
Ба гузориши сомонаи “CA News”, як манбаи хабарӣ бо интишори омори худкушӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 327 маврид худкушӣ ба сабт расид, ки 162 мавриди он марбут ба занон буд; Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2015 омори худкушӣ дар ин кишвар 624 маврид будааст.
Бино бар эъломи ин манбаъ, мизони худкушӣ дар Узбакистон ба иллати сабт нашудани омори расмӣ, дақиқ нест, аммо бар асоси омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ин теъдод ҳар сол рӯ ба афзоиш аст.
Дар Узбакистон дар соли 2010 аз ҳар 100 ҳазор нафар ҳафт маврид ва дар соли 2016 аз ҳар 100 ҳазор нафар 9,2 маврид худкушӣ сабт шудааст; Зимни ин ки мардон 2.5 дарсад беш аз занон иқдом ба худкушӣ кардаанд.
Ҳамин манбаъ бо эъломи афзоиши ин падидаи ногувори иҷтимоӣ дар Қазоқистон эълом кардааст, дар ин кишвар дар соли 2015 се ҳазору 735 маврид ва дар соли 2016 се ҳазору 942 маврид худкушӣ иттифоқ афтодааст.
Бар ин асос, Қазоқистон ба лиҳози худкушии шаҳрвандонаш дар радифи 10 кишвари аввали дунё қарор дорад ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам рутбаи аввалро дорост.
Дар Қирғизистон низ омори худкушӣ дар миёни қишрҳои камсину сол нигаронкунанда гузориш шудааст.
Дар соли 2016 , 95 маврид худкушӣ дар ин кишвар сабт шудааст, ки ағлаби онон ҷавон ва камсину сол буданд.