Тасмими бонуи боҳиҷоби тоҷик барои шикоят ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23693-Тасмими_бонуи_боҳиҷоби_тоҷик_барои_шикоят_ба_Додгоҳи_Олии_Тоҷикистон
Як бонуи боҳиҷоби тоҷик эълом кард, ба манзури ҳифзи ҳуқуқи динӣ ва шаҳрвандии худ қасди шикоят ба Додгоҳи Олии Тоҷикистонро дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 27, 2017 09:01 Asia/Dushanbe
  • Тасмими бонуи боҳиҷоби тоҷик барои шикоят ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон

Як бонуи боҳиҷоби тоҷик эълом кард, ба манзури ҳифзи ҳуқуқи динӣ ва шаҳрвандии худ қасди шикоят ба Додгоҳи Олии Тоҷикистонро дорад.

Муҳаббат Давлатова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки тайи як моҳи гузашта ду бор ба хотири доштани ҳиҷоби исломӣ таҳти фишори полис қарор гирифта буд, эълом кард, ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят мекунад.

Вай пеш аз ин ҳам ба хотири фишорҳои полис ба додгоҳи маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят карда буд, ки эътирози вай натиҷае надошт.

 Тасмими ин бонуи боҳиҷоби тоҷик барои шикоят ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ шудааст, ки тайи рӯзҳои гузашта ҳам дастикам ду нафари дигар аз сокинони шимоли ин кишвар ба иллати пойбандӣ ба пӯшиши исломӣ, ба идораи полис эҳзор шуда буданд.

Ин нахустин бор аст, ки як бонуи боҳиҷоби тоҷик барои ҳифзи ҳуқуқи динӣ ва шаҳрвандии худ ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят мекунад.