Шикояти як зани тоҷик аз бардагӣ дар Арабистони Саудӣ
Як зани тоҷикистонит дорои 15 фарзанд, ки як сол қабл барои кор ба Арабистон эъзом шудааст, дар номае ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо шикоят аз шароити бардагии худ дар ин кишвар, аз вай дархости кӯмак кард.
Ба гузориши “Ахбор”, Нурбибӣ Мансурова, сокини ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон дар номаи худ ба Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ба унвони барда кор мекунад ва борҳо шиканҷа шудааст.
Вай гуфтааст, ки бар асоси қарордод бояд дар хонаи як шаҳрванди арабистонӣ аз модари пири вай парасторӣ кунад, аммо соҳиби кораш тамоми корҳои дохили хонаро бар ӯҳдаи вай қарор дода ва борҳо низ ӯро шиканҷа кардааст.
Нурбибӣ Мансурова дар номаи худ аз осебдидагии шадиди ҷумҷумааш бар асари лату кӯби соҳибхона хабар додааст.
Ин зани тоҷикистонӣ гуфтааст, ки дар соли 2016 аз сӯйи ширкати мавсум ба “Имдод” бо миёнҷигарии фарде ба номи Ҳоҷӣ Икандар бо ваъдаи дарёфти ҳуқуқи калон барои кор ба Арабистон эъзом ва аз он замон бо бардадории воқеӣ рӯбарӯ шудааст.
Ин чаҳорумин мавриди шикояти занони тоҷик дар ду моҳ ахир аз шароити кор дар Арабистони Саудӣ аст.
Бо афзоиши ин шикоёт, ахиран Додситони кулли Тоҷикистон эълом карда, ки барои масъулони ширкатҳои “Ҷамол 2012”, “Имкон 2016” ва “Абдулкарим” ба иттиҳоми интиқоли шаҳрвандони тоҷикистонӣ барои кор ба Арабистони Саудӣ ва маҷбур кардани онон ба корҳои хориҷ аз қарордод ва низ эъмоли хушунат аз сӯйи корфармоёни саудӣ парванда боз шудааст.
Парвандаи қазоӣ алайҳи кормандони ин ширкатҳо ба иттиҳоми хариду фурӯши инсон дар ҳоли пайгирӣ аст.