Сентябр 30, 2017 19:35 Asia/Dushanbe
  • Бонуи некӯкор ҳазинаи сафари Ҳаҷро барои сохти мактаб тақдим кард

Шарофат Мамадҷонова сокини 77 солаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт 33 ҳазор сомонӣ маблағеро, ки барои сафари Ҳаҷ дошт барои бунёди маркази таҳсилоти омӯзишии ноҳия тақдим кардааст.

Ин бонуи 77 сола рӯзи шанбе 30 сентябр дар сӯҳбат бо сомонаи “Ахбор” гуфт, фарзандаш Муродҷон Мамадҷонов мехост, ӯро бо фиристодан ба зиёрати Хонаи Худо хушҳол кунад, аммо вай аз сафари Хонаи Худо даст кашид ва 33 ҳазор сомонӣ (3700 доллар)-ро ба бунёди маркази таҳсилоти омӯзишии ноҳияи Ашт тақдим кард.

Шарофат Мамадҷонова гуфтааст: «Ман солхӯрда ҳастам ва ҳамчунин фишори хуни болое дорам. Аз ин рӯ, хостам Ҳаҷи ман ободкорӣ дар ватанам бошад. Ман 9 фарзандамро бо ҳуқуқи маркази таҳсилоти омӯзишии ноҳияи Ашт бузург кардам, акнун мехоҳам ҳамин пулро ба марказ тақдим кунам.»

Шарофат Мамадҷонова 22 сол аст, ки нафақа дарёфт мекунад ва акнун маблағи ин нафақа 200 сомонӣ аст.

Ҳамсари ӯ, Аҳмадҷон Мамадҷонов марги зудҳангоме дошта ва дар сини 48 солагӣ даргузашта аст.

 Ин зани баландҳиммат ва соҳиби маърифат, 9 фарзанд –ҳафт писар ва ду духтари худро баъд аз марги ҳамсараш ба танҳоӣ бузург карда ва имрӯз дар хонаи писари кӯчактараш Муродҷон Мамадҷонов солҳои пирии худро сипарӣ мекунад.

Ду сол пеш низ Норбибӣ Дӯстмуродова аз ноҳияи Деваштич бо пули сафари Ҳаҷи худ, барои мардум ду пул сохта буд.