Октябр 01, 2017 17:30 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими Ошӯрои ҳусайнӣ дар Душанбе

Маросими Ошӯро ва солрӯзи шаҳодати ҳазрати Абоабдуллоҳ ал-Ҳусейн ва ёрони бовафояш дар сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин маросим сафир, кормандони сафорату хонаводаҳои онон, ҳамчунин ҷамъи касире аз ошиқони ҳазрати Абоабдуллоҳ ал-Ҳусей ва аҳли байти исмат ва таҳорат ҳузур доштанд. Дар ин маросим ҳуҷҷат-ул-ислом Абулҳасан Аҳмадии Шоҳрахтӣ, раиси маркази таблиғу омӯзишҳои Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ наҳзати Карбалоро ҷовидона хонда гуфт, ин наҳзати илоҳӣ ҳамвора дар масири худ пеш рафта, дилҳои муъминонро саршор аз ишқ ба аҳли байти исмат ва таҳорат мекунад. Ӯ бо ишора ба ҷойгоҳи сарвару солори шаҳидон гуфт, Имом Ҳусейн  корвони нур буда ва ҳаракати ӯ ҳам бар пояи ҳамин амр устувор будааст.

Абулҳасан Аҳмадии Шоҳрахтӣ таъкид кард, шаҳодат дар амри дифоъ аз дини Худо ва фармонҳои илоҳӣ, адолату ҳақиқат ва зулмнопазирӣ аз пояҳои андешаи қиёми ошӯро аст ва аз ин назар, Карбало бузургтарин ҳамосаи башару исор дар роҳи Худованд ва озодагист.

Дар идомаи ин маросим азодорон бо маддоҳӣ, навҳахонӣ ва синазанӣ ба сӯги Имом Ҳусейн нишастанд.

 

Барчасп