Октябр 05, 2017 18:20 Asia/Dushanbe
  • Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон; Мавзӯи нишасти мақомоти ИДМ дар Душанбе

Шӯрои вазирони дифои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 12 октябр дар шаҳри Душанбе авзои марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Ба гузориши сойти Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин нишаст вазири дифои Тоҷикистон, гузоришеро аз авзои марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон ва таъсири рӯйдодҳои ношӣ аз таҳаррукоти гурӯҳои террористӣ бар амнияти минтақа, ироа хоҳад кард.

Дар ин нишаст вазирони дифои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин роҷеъ ба 20 мавзӯъ баҳсу табодули назар хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон бо муташанниҷ хондани авзои шимоли Афғонистон, бар зарурати кумак ба ҳукумати Душанбе барои таҳкими амният дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон таъкид кардааст.

Вай гуфтааст, ки Тоҷикистон ба далели афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ, ифротӣ ва ҳазору 344 километр марзи муштарак бо Афғонистон, ки бештари он низ кӯҳистонӣ аст, ба таҳкими манотиқи марзии худ ниёз дорад.

Ҳамчунин генерал Сергей Истраков, муовини Ситоди кулли артиши Русия, таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротии мустақар дар шимоли Афғонистонро алайҳ марзҳои ҷанубии Иттиҳоди кишварҳои мустақил таҳдид хонда ва кумак ба Тоҷикистонро барои тақвияти манотиқи марзи муштаракаш бо Афғонистон хостор шудааст.