Октябр 07, 2017 17:40 Asia/Dushanbe
  • Бародари раисиҷумҳури Тоҷикистон даргузашт

Нуриддин Раҳмон бародари раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз (7 октябр) дар ноҳияи Тоҷикобод даргузашт.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Нуриддин Раҳмон, ки дар сафар басар мебурд, дар сини 67 солагӣ бар асари бемории қанд даргузашт.

Ҷанозаи бародари раисиҷумҳурро бо болгард ба зодгоҳаш ноҳияи Данғара интиқол додаанд, то дар канор падару модараш ба хок супурда шавад.

Ба гуфтаи бархе манобеъ, маросими намоз бар ҷаноза ва хоксупории Нуриддин Раҳмон, имрӯз (шанбе) баргузор мешавад.

Нуриддин Раҳмон ҳеҷ мансаби расмии баланде надошт, вале ба иллати нисбаташ бо раисиҷумҳур, фарди пурнуфуз дар арсаи сиёсати Тоҷикистон ба ҳисоб меомад.

 

Барчасп