Беш аз 30 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон танҳо як сарпараст доранд
(last modified Sun, 08 Oct 2017 05:02:51 GMT )
Октябр 08, 2017 10:02 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 30 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон танҳо як сарпараст доранд

Оҷонсии давлатии омори Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар 30 ҳазору 869 донишомӯз дар хонаводаҳое бузург мешаванд, ки танҳо як сарпараст доранд.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, ин ниҳод таъкид кардааст, ки ин афрод ба иллатҳои мухталиф аз падар маҳрум шудаанд ва танҳо тавасути модарони хеш тарбият мешаванд.

Ҳамчунин муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз афзоиши чандҳамсарӣ ва бепарастор мондани кӯдакони ин ховодаҳо ибрози нигаронӣ кардааст. Хонум Хайринисо Юсуфӣ гуфтааст, ки бар асоси қавонини ҳуқуқии  Тоҷикистон доштани ҳамсари дуюм барои мардон муҷозоти зиндонро дар пай дорад. Аммо теъдоди зиёде аз занони ин кишвар ба далоили мухталиф, аз ҷумла фақр бо никоҳи мусулмонӣ, вале бидуни сабти издивоҷи хеш бо мардон издивоҷ мекунанд, ки ҳангоми сабти номи фарзандони ин афрод дар идороти сабти аҳволи ин кишвар маҷбур мешаванд, модарон ба унвони сарпарасти хонавода муаррифӣ гарданд. Зеро дар сурти ифшо шудани номи падаронашон ва ин ки аз ҳамсари дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон мутаваллид шудаанд, ҳукми муҷозоти 2 сол зиндон ё пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ дар интизори мардони ин навъ хонаводаҳо аст.

Ҳарчанд, ки хонум Гулбаҳор Ашурова, узви Кумитаи умури хонавода ва масоили иҷтимоии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муддаӣ аст, ки дар миёни кормандони давлат дар ин кишвар, афроди дорои ду ё се ҳамсар вуҷуд надоранд, коршиносон мегӯянд, ки иттифоқан аксари ин афрод барои хеш ҳамсари дуюм интихоб кардаанд. Аммо аз тарси муҷозоти зиндон ва ифшо шудани ин қазия доштани ҳамсари дуюмро махфӣ мекунанд. Танҳо мушкили баровардани омори чунин хонаводаҳо ин аст, ки мардон аз тарс маъмулан издивоҷ бо ҳамсари дуввумро дар ҳеҷ идораи сабти аҳвол, сабт намекунанд ва никоҳи мусулмониро барои ин амр кофӣ медонанд. Ба ин далел дар сабти номи фарзандони ин хонаводаҳо мушкил эҷод мешавад.