Ихроҷи узви ришвахор аз суфуси ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон
(last modified 2017-10-10T04:51:38+00:00 )
Октябр 10, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи узви ришвахор аз суфуси ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон Аскар Нурализода, як мақоми баландпояи вазорати иқтисодро, ки ба қасди гирифтани як миллион доллар пора айбдор мешавад, аз узвияти ин ҳизб хориҷ кардааст.

Ба иттилои сомонаи ахбори Осиёи Марказӣ, Нурализода шоми 28 сентябр ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар пора дастгир шуда буд.

Рӯзҳои наздик ба ҷои Аскар Нурализода интихоби вакили нави маҷлиси вакилони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ баргузор хоҳад шуд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки Аскар Нурализода, муовини сардори сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон шоми 28 сентябр ҳангоми гирифтани ним миллион доллар пора бо далели шайъӣ дастгир шуд ва ин пул танҳо “пешпардохт” ва нисфи як миллион долларе буд, ки вай аз як сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ талаб дошт. Ним миллион доллари дигар бояд ба Нурализода баъди иҷрои ваъдааш дода мешуд.

Нурализода барои ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 миллион доллар, ба сифати пора 10% маблағи ҷудошаванда, яъне 1 миллион доллар талаб намудаастю.

Аскар Нурализода ҳамчунин барои иҷрои ин амали ваъдашуда бори дуюм аз шаҳрванд “А” ба сифати пора талаб кардааст, ки ба номи ҳамсараш Холиқова Савринисо Маҷидовна дар Душанбе як хонаи истиқоматии се ҳуҷрагӣ ба маблағи 69360 доллар гирифта бидиҳанд.

Аз оғози соли 2017, теъдоди қобили таваҷҷуеӣ аз мақомоти Тоҷикистон ба иттиҳоми сӯиистифодаҳои молӣ ва идорӣ ва ришвахорӣ равонаи зиндон шудаанд, ки аз ҷумлаи пурсару садотарин ин боздоштҳо марбут ба теъдоде аз мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия будааст.