Дидори президенти Тоҷикистон бо фиристодаи амири Қатар
(last modified Tue, 10 Oct 2017 08:20:38 GMT )
Октябр 10, 2017 13:20 Asia/Dushanbe
  • Дидори президенти Тоҷикистон бо фиристодаи амири Қатар

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ дидор намуд.

Ба иттилои Ховар, дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ таъкид дошт, ки бо дастури бародараш Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон омадааст, то ба президенти Тоҷикистон нисбат ба марги бародарашон — Нуриддин Раҳмон изҳори таъзия ва тасаллияти роҳбарияти давлат ва мардуми дӯсти Қатарро расонад.