16 то 18 соли зиндон - ҳукми омилони ҳамла ба корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон
(last modified 2017-10-11T05:33:12+00:00 )
Октябр 11, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • 16 то 18 соли зиндон - ҳукми омилони ҳамла ба корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон

Шаш нафар аз муттаҳамони ҳамла ба як корманди маҳаллии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба 16 то 18 соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб асри дирӯз барои Ҷамолиддин Камолов ва Азамат Собир 18 сол, барои Комил Тоштемиров ва Наврӯз Розиқов 17 сол ва барои Тоҳир Тоштемиров ва Сайфиддин Юсуфов 16 соли зиндон дар назар гирифт.

Ин афрод муттаҳам буданд дар шаби 13-уми майи имсол дар шаҳри Кӯлоб ба Муҳиддин Юлиев, корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳамлаву вайро бо 24 зарбаи корд маҷрӯҳ карда буданд. Ҳодисае, ки барои Юлиев бистаре тӯлонимуддат дар бемористон ва аз кор афтодани дасти чапро дар пай дошт.

Муттаҳамони ин парванда дар додгоҳ гуфтаанд, ки Муҳиддин Юлиев дар гузашта рафтори баде бо онҳо доштааст.

 

Барчасп