Истирдоди Содиқов ба Тоҷикистон баъд аз 10 соли зиндагии пинҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24417-Истирдоди_Содиқов_ба_Тоҷикистон_баъд_аз_10_соли_зиндагии_пинҳонӣ
Муродалӣ Содиқов, муттаҳами 46 солаи тоҷик, ки ба иттиҳоми қатли се нафар ҳудуди 10 сол таҳти пайгарди қонунӣ буд, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 11, 2017 11:14 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди Содиқов ба Тоҷикистон баъд аз 10 соли зиндагии пинҳонӣ

Муродалӣ Содиқов, муттаҳами 46 солаи тоҷик, ки ба иттиҳоми қатли се нафар ҳудуди 10 сол таҳти пайгарди қонунӣ буд, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, дафтари матбуоти додситонии Маскав эълом кард, вай январи имсол дар истгоҳи метрои Румянтсева, дар Маскав боздошт шуд.

Содиқов ин ҷиноятро бо ҳамдастии чанд нафар дар шаби 30 –юми марти соли 1993 дар вилояти Хатлон муртакиб шуда буд.