Октябр 14, 2017 12:08 Asia/Dushanbe
  • Ширкати чинӣ ирсоли турбин ба се нерӯгоҳи Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

Муовини мудири як ширкати чинӣ аз баррасии мавзӯи ирсоли турбинҳо барои се нерӯгоҳи барқӣ - обӣ дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сайти “Авесто”,  муовини мудири як ширкати чинӣ гуфтааст, интиқоли турбинҳои тавлиди барқ ба нерӯгоҳҳои обии “Норак”, “Роғун” ва “Қайроққум” дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Вай таъкид кардааст, бо сафар ба Тоҷикистон аз наздик бо фаъолияти ду нерӯгоҳи “Норак” ва  “Қайроққум” ошно шудааст ва акнун мавзӯи таъмини  турбинҳои мавриди ниёзи ин ду маркази тавлиди барқро баррасӣ хоҳад кард.

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи бозсозии таҷҳизотии ин ду нерӯгоҳи обиро дар дасти иҷро дорад ва дар сурати тавофуқ бо тарафи чинӣ, имкони ирсолу насби  турбинҳои сохти ин ширкати чинӣ дар ин ду маркази тавлиди барқ дар Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

Ин ду нерӯгоҳ бо беш аз 60 сол фаъолият ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ доранд, ки ширкати ёдшудаи чинӣ метавонад дар ин замина ба Тоҷикистон кумак кунад.

Ба гуфтаи муовини мудири ширкати чинӣ, аз он ҷо ки ин ширкат аз тавони сохти турбинҳои хурди то 750 мегаватт ба боло бархурдор аст, эҳтимоли ирсолу насби  турбинҳои сохти ин ширкат дар нерӯгоҳи дар ҳоли сохти “Роғун” дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.

Масъулони ин ширкати чинӣ ҳамчунин бо мақомоти вилояти Суғд дар ҳоли баррасии тарҳи сохти як нерӯгоҳи ҳароратӣ дар шимоли Тоҷикистон аст.

 

Барчасп