Чин дар Тоҷикистон донишгоҳ месозад
Чин тарҳи сохти як донишгоҳи нави байналмилалиро барои 40 ҳазор донишҷӯ дар Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар ироа кардааст.
Ба гузориши сайти “Ахбори Осиёи Марказӣ”, Чон Лу, намояндаи маркази фанновариҳои навини шаҳри Чиндаои Чин гуфтааст, ки дар ин донишгоҳ 42 ришта, аз ҷумла муҳандисӣ, дорусозӣ, забонҳои хориҷӣ, фанновариҳои ҷадиди иртиботӣ ва фаъолият дар бахши хусусӣ тадрис хоҳад шуд.
Вай таъкид кардааст, ин донишгоҳ, ки бо мусоидати ширкати тоҷикистонии “Файзи Ҷомӣ” эҳдос мешавад, барои панҷ ҳазор устод ва 40 ҳазор донишҷӯ заминаи тадрису омӯзиши илмҳои мухталифро фароҳам месозад.
Ба гуфтаи ин мақоми чинӣ, дар донишгоҳи нави байналмилалии Чин дар Тоҷикистон донишҷӯёни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ пазириш хоҳанд шуд.
Тарҳи таъсиси донишгоҳи байналмилалии чинӣ ва сохти як корхонаи нави семент дар Тоҷикистон дар дидори ахири Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони бахши хусусии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи Ҳусайн Сафаров, мудири ширкати тоҷикистонии “Файзи Ҷомӣ”, Раҳмон бо истиқбол аз ин тарҳ ба Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дастур додааст, ки ин пешниҳодро иҷро кунанд.
Чин аз муҳимтарин кишварҳои хориҷии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва муомилоти тиҷории ин ду кишвар солона ба ду миллиард доллар мерасад.