Хатароти ифротгарии дунявӣ дар Тоҷикистон
Мудири дафтари Созмони Интер Ниюз дар Тоҷикистон муътақид аст, ки хатароти рушди тафаккури ифротгарии дунявӣ дар ин кишвар камтар аз таҳдидоти гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ нест.
Ба иттилои сайти Азия-Плюс, Абдулмалик Қодиров гуфт, сохторҳои амниятии ин кишвар бо шиори мубориза бо ифротгарии мазҳабӣ аз равишҳои ифротгарии дунявӣ истифода мекунанд, ки ин мавзуъ муҷиби рушди тафаккури тундгароёна дар миёни насли ҷавон мешавад.
Вай дар ин маврид ба гузориши мақомоти идораи полиси вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, ки авохири соли гузашта мунташир шуда буд, ишора кард.
Мутобиқи ин гузориш, мақомоти полиси ин минтақа аз тарошидани риши 12 ҳазор ҷавон ва бардоштан ҳиҷоби ҳазору 800 бонуи мусалмон баунвони дастоварди мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ ёд кардаанд, ки мисдоқи ошкори ифротгарии дунявӣ мебошад.
Абдулмалик Қодиров таъкид кард, ин навъи бархурдҳои хашин ба баҳонаи мубориза бо ифротгарии мазҳабӣ мумкин аст, дар кӯтоҳмуддат корсоз бошад, аммо дар баландмуддат ин роҳкорҳо ҷавоб намедиҳад ва бояд дар андешаи решаёбии иллати гароиши насли ҷавон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав буд.
Аз дидгоҳи маҳофили каршиносӣ бояд барномаҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ ва иртиқои дониши исломии ҷавонон дар дастури кор қарор гирад, зеро андешаи ифротгариро наметавон бо равишҳои хушунатбор аз байн бурд.