Интиқоли пинҳонии ҷасади шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии тоҷик аз боғи Айнӣ ба Лучоб
Ҷасади теъдоде аз шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии тоҷик ба таври пинҳонӣ аз боғи Айнӣ дар шимоли шаҳри Душанбе ба гӯристони Лучоб мунтақил шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, ҷасади Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Боқӣ Раҳимзода ва Муқаддам Ашрафӣ аз боғи Айнӣ дар шимоли пойтахти Тоҷикистон ба гӯристони Лучоб мунтақил шуда, ки бастагони ин афрод мегӯянд, ин иқдом бидуни ҳамоҳангӣ ва иттилои онон анҷом шудааст.
Хабаргузории “Азия плюс” таъкид кардааст, ки талошҳои хабарнигоронаш дар мавриди тавзеҳи масъулон барои ин иқдом ба ҷое нарасидааст ва Толиб Раҳимзода, муовини умронии шаҳрдории Душанбе, Амруллоҳ Боқиев, мудири боғи Айнӣ ва мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз гуфтугӯ худдорӣ кардаанд.
Қаблан мақомоти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон овозаҳо дар бораи интиқоли ҷасади ин афрод аз боғи Айнӣ ба гӯристони Лучобро такзиб карда буданд. Аммо акнун мушаххас шудааст, ки ба ғайр аз оромгоҳи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони миллии Тоҷикистон, бақияи ҷасадҳои шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик аз ин боғ ба гӯристони Лучоб мунтақил шудааст.
Тарҳи интиқоли ҷасади ин афрод ба гӯристони Лучоб бо вокунишҳои шадиди корбарони тоҷик, таҳлилгарон ва рӯзноманигорони ин кишвар рӯбарӯ шудааст.
Бо ин ҳол, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, аз нигоҳи шариати Ислом интиқоли ҷасад кори писандидае нест, аммо мамнӯъ ҳам нест. Вай таъкид кардааст, ки бо гузашти 20 то 30 сол аз замони фавти афрод метавон дар мавориди зарурӣ бо ризоияти бастагонашон ҷасадҳоро ба гӯристони дигаре мунтақил кард.