Октябр 21, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Моликони ширкати “Умед – 88” аз Тоҷикистон фирор кардаанд

Пас аз интиқоди шадиди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз моликони ширкати таъмини сӯхти мавсум ба “Умед – 88”, онон ба хориҷ аз кишвар фирор кардаанд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, интиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бозпардохт накардани 170 миллион сомонӣ пули будҷаи давлат аз сӯйи ин афрод буд.

 Дар ҳоле ки талоши хабарнигорони сомонаи “Ахбор” барои барқарории тамос бо ин афрод бидуни натиҷа буд, як манбаи наздик ба моликони ин ширкат ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, Раҷабалӣ Одинаев ва фарзандонаш, ки молики ширкати таъмини сӯхти “Умед -88” ҳастанд, дар хориҷ аз Тоҷикистон ва ба эҳтимоли зиёд дар Дубай ҳастанд.

Онон гуфтаанд, моликони ширкат дар ин шаҳр аз қабл барои худ манзили маскунӣ харида буданд.

Акнун наздик ба 700 маркази сӯхтгирӣ дар Тоҷикистон, ки бо орми ширкати “Умед -88” фаъолият мекарданд, дар ҳоли тағйири тоблуҳои худ ҳастанд ва кормандони ин марказҳо номи ширкати ёдшударо ҳазф мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори ахираш бо фаъолони бахши хусусии ин кишвар таъкид карда буд, ки моликони ширкати “Умед -88” аз будҷаи давлат 170 миллион сомонӣ (муодили 20 миллион доллар) вом гирифтаанд.

Ӯ бо баёни ин ки моликони ин ширкат пас аз гузашти чаҳор сол ҳанӯз ҳам ин пулро пардохт накардаанд, хостори посухгӯии онон дар ин замина шуд.

 

Барчасп