Октябр 21, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Решакан кардани фасоди молӣ дар Тоҷикистон мумкин аст?

Як коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки решакан кардани фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар ин кишвар тайи 10 соли оянда ғайримумкин аст.

Ба гузориши “Спутник”, Меҳмоншоҳ Шарифзода гуфтааст, боздошти кормандони идорот ва ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир ба иттиҳоми дарёфти ришва ва фасоди молӣ афзоиш ёфтааст. Ба ҳамин хотир решакан кардани ин падидаи фарогир дар ояндаи наздик имконпазир нест.

Вай муътақид аст, ба иллати сохтори сиёсии феълии Тоҷикистон, ки бархе аз кормандони аршади ҳукумат манофеи гурӯҳӣ, ҳизбӣ ва шахсии худро болотар аз манофеи миллӣ ва давлатӣ медонанд, аз байн бурдани фасоди молӣ ва ришвахорӣ бисёр душвор аст.

Меҳмоншоҳ Шарифзода мисоли равшани ин иддаоро боздошт ва зиндонӣ кардани даҳҳо корманди Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва ва кулоҳбардорӣ дар соли ҷорӣ донистааст.

 Ба гуфтаи коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон, ин дар ҳоле аст, ки ин ниҳод худ масъули мубориза бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Вай муътақид аст, фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, қазоӣ, интизомӣ ва амниятӣ, омӯзиш ва парвариш, кишоварзӣ ва иқтисоду тиҷорат фарогир шудааст. Бинобарин решакан кардани ин мушкили иҷтимоӣ дар ояндаи наздик ғайриқобили тасаввур аст.

 

Барчасп