Маҳкумият ба хотири иқомаи намоз ба равиши “Салафия”
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24902-Маҳкумият_ба_хотири_иқомаи_намоз_ба_равиши_Салафия
Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд чаҳор нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми иқомаи намоз ба равиши гурӯҳи мамнӯаи “Салафия” ба зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 25, 2017 06:31 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумият ба хотири иқомаи намоз ба равиши “Салафия”

Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд чаҳор нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми иқомаи намоз ба равиши гурӯҳи мамнӯаи “Салафия” ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ин афрод ба номҳои Муъмин Содиқов, Бахтиёр Аҳмадов, Маҳмуд Файзиев ва Ҳомидбой Муҳаммадов, ки байни 20 то 39 сол син доштанд, ҳар як ба панҷ соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Содиқҷон Ваҳҳобзода, қозии додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтааст, ки ин афрод муттаҳам ба таъсиси созмони ифротӣ ва фаъолият дар гурӯҳи мамнӯаи “Салафия” ҳастанд, ки бар асоси қонунҳои ҷиноии Тоҷикистон ҷурм маҳсуб мешавад.

Вай таъкид кардааст, ки ин афрод довталабона ба ин гурӯҳи мамнӯа пайваставу то замони боздошт дар моҳи июни соли ҷорӣ, ба таблиғи андешаҳои ин созмони ифротӣ машғул будаанд.

 Фаъолияти гурӯҳи “Салафия” дар солҳои 2009 ва 2014 ду бор аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба унвони созмони ифротӣ дар қаламрави ин кишвар мамнуъ шудааст ва то кунун садҳо нафар аз аъзои ин гурӯҳ боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.

 Дар миёни ин афрод метавон ба маҳкумияти Сироҷиддин Абдураҳмонов ва писари вай Киромиддин ва Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, аз сарони ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ишора кард.