Эъмоли маҳдудиятҳои ҷадиди истеъмоли сигор дар Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран бо ислоҳи қонуни истеъмоли духониёт дар ин кишвар, маҳдудиятҳои ҷадидеро дар мавриди кашидани сигор ҷорӣ кард.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, кашидани сигор дар идороту созмонҳои давлатӣ ва хусусӣ, ресторанҳо, фурӯдгоҳҳо ва поёнаҳои мусофирбарӣ, хобгоҳҳову марказҳои дармонӣ ва омӯзишӣ ба таври комил мамнуъ шудааст.
Ҳамчунин бар асоси ин ислоҳия фурӯши сигор ба афроди камтар аз 18 сол ва ба шакли нахи ҷудогона мамнуъ аст.
Мирзомуҳиддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, бо тасвиби ин қонун мавзӯи мубориза бо истеъмоли духониёт дар ин кишвар вориди марҳалаи ҷадиде хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, масъулони идороту созмонҳои давлатӣ ва хусусӣ дар ин кишвар бояд хориҷ аз саҳни ин маконҳо ҷоеро барои истеъмоли сигор ихтисос диҳанд.
Дар яке аз бандҳои қонуни ислоҳшудаи истеъмоли духониёт дар Тоҷикистон таъкид шудааст, фурӯшу кашидани сигор дар фосилаи камтар аз 100 метрӣ ба марказҳои дармонӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо ва варзишгоҳҳо мамнуъ аст.
Аз сӯйи дигар, Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад боҷи гумрукии воридот барои ҳар ҳазор адад сигорро ҳафт дарсад афзоиш диҳад.
Дар ҳоли ҳозир мизони ин боҷ 50 евро аст, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ арзонтарин нарх ба ҳисоб меояд.
Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ эълом кардааст, ки дар Тоҷикистон 17 дарсади мардон ва танҳо се садуми дарсад аз занони ин кишвар сигор мекашанд.