Октябр 26, 2017 11:31 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар ду соли оянда

Муассисаи байналмилалии “Moody's” пешбинӣ кардааст, қарзҳои хориҷии Тоҷикистон тайи ду соли оянда ба 55 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар хоҳад расид.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, бар асоси пешбинии ин муассисаи байналмилалӣ, тайи солҳои 2018 ва 2019 ҳаҷми умумии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба 55 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар хоҳад расид.

Коршиносони ин марказ сабаби афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон тайи ду соли ояндаро марбут ба мавзӯи сармоягузорӣ дар тарҳи дар дасти сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” медонанд.

Дар сентябри соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон саҳмияҳои молии ин нерӯгоҳро дар бурсҳои байналмилалӣ арза кард то аз ин ҳисоб манобеи молии мавриди ниёз барои такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ - обии “Роғун”-ро фароҳам созад.

Замоне ки дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи фурӯши саҳмияҳои молии нерӯгоҳи обии “Роғун” дар бурсҳои хориҷӣ баррасӣ мешуд, Шариф Раҳимзода, яке аз намояндагон ва вазири пешини рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз эҳтимоли афзоиши қарзҳои хориҷии ин кишвар дар пайи ин иқдом ҳушдор дода буд.

Вазири пешини рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар айни ҳол муътақид буд, ки барои такмили ин тарҳи муҳими роҳбурдии Тоҷикистон ҳукумати ин кишвар бояд хатароти афзоиши қарзҳои хориҷии ин ҷумҳуриро бипазирад.

Дар ҳоли ҳозир мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ду миллиарду 300 миллион доллар, баробар бо 35 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, сақфи ниҳоии мизони қарзҳои хориҷии ин кишвари 40 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ аст, ки дар соли 2018 ба 39,4 дарсад хоҳад расид, ки аз ҳадди варшикастагӣ убур нахоҳад кард.

 

Барчасп