Худкушии як сарбози артиши Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб
Як сарбози воҳиди низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, мустақар дар шаҳри Кӯлоб ба зиндагии худ поён дод.
Ба гузориши “Спутник”, Тоҳир Ҳабибов, сарбози 20 солаи Артиши Тоҷикистон, ки як сол қабл аз ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба хидмати низомӣ ҳозир шуда буд, бо шиллик аз силоҳи Калашников худкушӣ кардааст.
Масъулони низомии маҳалли хидмати ин сарбоз ҳанӯз дар бораи иллати ин ҳодиса ибрози назар накардаанд, вале барои баррасии иллати ҳодиса комиссияи вижае ба раёсати генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ташкил шудааст.
Дар моҳи сентябр низ Муҳаммадхоҷа Қутбиддинов, сарбози 22 солаи воҳиди низомии Горди миллии Тоҷикистон, мустақар дар шаҳри Роғун худкушӣ карда буд, ки ҳанӯз волидайни вай, ки сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳастанд, иллати ин ҳодисаро намедонанд.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон набуди фазои маънавии солим дар воҳидҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ва хушунату бадрафториро иллати умдаи худкушӣ ва кушта шудани сарбозон медонанд.
Ба иллати вуҷуди чунин мавориде, теъдоди қобили мулоҳизае аз ҷавонони тоҷик, ки синнашон барои хидмат дар Артиши миллии Тоҷикистон мутобиқ аст, аз хидмат фирор мекунанд ва рафтан ба муҳоҷирати корӣ ба Русияро ба хидмат дар артиши кишвари худ тарҷеҳ медиҳанд.