Ноябр 02, 2017 11:25 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли маҳрум шудани Тоҷикистон аз кумаки Бонки Рушди АвруОсиё

Мудири барномаи вомҳову эътибороти молии Бонки Рушди АвруОсиё аз эҳтимоли маҳрум шудани Тоҷикистон аз кумакҳои ин ниҳод ба далели қарздорӣ ба сандуқи ин бонки минтақаӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Бонки Рушди АвруОсиё, Алишер Мирзоев ин матлабро дар ҳошияи нишасти байналмилалии ахир, мавсум ба Ҳамоиши АвруОсиё дар Маскав иброз доштааст.

Вай гуфтааст, дар ҳоли ҳозир Ҳукмати Тоҷикистон саргарми анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ аст, ки ба ин манзур Бонки Рушди АвруОсиё ба ин кишвар 40 миллион доллар кумак кард.

Мирзоев гуфт, бояд ин манобеи молӣ барои ислоҳот дар сохтори низоми бонкии Тоҷикистон, таҷдиди назар дар фаъолияти бахши энержӣ, дар пеш гирифтани сиёсати тағйири муомилоти арзӣ ва ҳимоят аз буҷети ҳукумати ин кишвар ҳазина мешуд, аммо ба далели ин ки то 15 –уми ноябри имсол бояд Тоҷикистон бахше аз қарзҳои молии худро ба сандуқи Бонки Рушди АвруОсиё пардохт намояд, ба эҳтимоли зиёд ихтисоси кумакҳои ҷадиди молӣ ба ин кишвар мутаваққиф хоҳад шуд.

Мудири барномаи вомҳову эътибороти молии Бонки Рушди АвруОсиё афзуд, Вазорати молияи Тоҷикистон ба унвони тарафи қарордод бо Бонки Рушди АвруОсиё барномаи ислоҳот дар низоми молиёт, пардохтҳои гумрукӣ ва эҷоди тавозун дар бозори муомилоти арзии ин кишварро иҷро накард, ба ҳамин далел дархости ин вазорат аз Бонки Рушди АвруОсиё ба манзури тамдиди замони бозпардохти қарзҳои Тоҷикистон барои бори сеюм мавриди баррасӣ қарор нагирифт.