Ноябр 12, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Мизони таваррум дар Тоҷикистон 7 дарсад эълом шуд

Бонки миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар ин кишвар дар соли ҷориро 7 дарсад эълом кард, ки аз қабл низ рӯйи ҳамин шохис ҳисоб шуда буд.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар моҳи октябри гузашта ба далели афзоиши нархи бархе аз маводи ғизоӣ ва барқ дар ин кишвар мизони таваррум низ боло рафт, ки акнун 7 дарсадро ташкил мекунад.

Бар ин асос, дар моҳи октябри соли ҷорӣ нархи гуҷафарангӣ (помидор), хиёр (бодиринг), себзаминӣ (картошка), харбуза ва ҳиндивона (тарбуз) ва тухми мурғ ба мизони 2 то 17 дарсад афзоиш ёфт. Ҳамчунин бо тасмими давлати Тоҷикистон нархи барқ барои бахши хонагӣ ва марокизи тавлидӣ ва санъатӣ афзоиш ёфт, ки мӯҷиби боло омадан мизони таваррум гардид. Ҳарчанд, ки дар буҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ низ мизони таваррум 7 дарсад пешбинӣ шуда буд. Дар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки яке аз омилҳои таъсиргузор дар афзоиши мизони таваррум дар ин кишвар навасони нархи маводи ғизоӣ мебошад, ки дар фаслҳои мухталифи сол дучори тағйирот мешавад.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мӯътақиданд, ки дар пайи иттихози сиёсати танзими бозор ва назорат бар раванди муомилоти арз (асъори хориҷӣ) дар ин кишвар миёни тақозо ва арзаи тавозун нисбӣ барқарор шуда ва аз рушди беравия нархи маводи ғизоӣ ҷилавгирӣ ба амал омадааст. Аз ин рӯ, то поёни соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 7 дарсад ҳифз хоҳад шуд.