Тоҷикистон иддаои Афғонистонро рад кард
Нерӯи марзбонии Тоҷикистон иддаои мақомоти Афғонистонро дар бораи куштани шаҳрвандони ғайринизомии афғон ба баҳонаи қочоқи маводи мухаддир такзиб кард.
Ба нақл аз баёнияи дафтари матбуотии нерӯи марзбонии Тоҷикистон, ин нерӯ иддаои ахири генерал Муҳаммадамон Насим аз мақомоти марзбонии Афғонистон ва Толибиддин Қодирӣ, узви шӯрои вилояти Бадахшони ин кишварро, ки гуфта буд, марзбонони тоҷик шаҳрвандони ғайринизомии Афғонистониро ба баҳонаи ҳамли маводи мухаддир мекушанд, беасос донист .
Дар ин баёния таъкид мешавад, ки ҳадаф аз интишори ин навъи матолиб эҷоди фазои душманӣ миёни мардумони ду кишвари дӯсти Тоҷикистону Афғонистон ва зарба задан ба равобити созандаи ин ду миллат мебошад .
Баёния меафзояд, дар сомонаҳои расмии Афғонистон ахиран баёнияи ин ду мақоми афғон мунташир шуда, ки иддао мекунанд, марзбонони Тоҷикистон амдан шаҳрвандони ғайринизомии кишвари ҳамсояро ҳадаф қарор медиҳанд, то ба мақомоти мофавқи хеш аз кушта шудани қочоқчиёни маводи мухаддир гузориш ироа диҳанд .
Ин ду мақоми афғонистонӣ муддаӣ шудаанд, марзбонони тоҷик барои куштори шаҳрвандони ғайринизомии ин кишвар ба баҳонаи мубориза бо қочоқчиёни маводи мухаддир тарфии дараҷа ва медал дарёфт мекунанд .
5 ноябри имсол соати 22:30 марзбонони тоҷик дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон бо ду қочоқчии маводи мухаддир бархурд карданд, ки баъдан маълум шуд, падару писар будаанд ва бо пуштибонии се фарди мусаллаҳи дигар аз дохили қаламрави Афғонистон қасди нуфуз ба дохили қаламрави Тоҷикистон бо ду кисаи ҳашишро доштанд .
Ин афрод бидуни таваҷҷуҳ ба ҳушдорҳои марзбонони тоҷик оташ гушуданд, ки дар натиҷа яке аз онон захмӣ шуд ва ҳангоми интиқол ба бемористони маҳаллӣ фавтид ва дуввумӣ худро шабона ба рӯди Панҷ андохту ғарқ шуд .
Нерӯи марзбонии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои баррасии ҳар навъ мавориди даргирӣ бо марзбонии Афғонистон ҳамвора ҳамкории созанда дошта ва хостори ҳифзи равобити дӯстона бо ин кишвар аст .