“Дар синаи ман ҳазор Кирмоншоҳ аст”
Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар паёмҳои зебое бо мардуми зилзилазадаи Кирмоншоҳи Эрон изҳори ҳамдардӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз нахустин соатҳои интишори хабари заминларза дар устони Кирмоншоҳ, дар ғарби Эрон шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук, бо интишори матолибу аксҳое бо мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд ва худро шарики ғаму дарди зилзилазадагон донистанд.
Фирдавси Аъзам, аз ҷумлаи шоирони тавонои тоҷик дар сафҳаи худ дар Фейсбук зимни арзи таслият ба мардуми Эрон ва орзӯи сабру шикебоӣ барои бозмондагони зилзила, ҳамдардии худро ба забони шеър ва бо як рубоии зебо нишон дод:
Имрӯз на рӯзи хуб, рӯзи оҳ аст.
Фарёди мусибатзадагон ҷонкоҳ аст.
Дастам, поям, тамоми ман меларзад,
Дар синаи ман ҳазор Кирмоншоҳ аст.
Шоирон, рӯзноманигорон, нависандагон, коршиносон ва дигар тоҷикон, аз ҷумла Рустами Ваҳҳоб, Султони Ҳамад, Сайфиддин Сайфиддинов, Шаҳнози Комилзода, Орзӯи Карим, Иршод Сулаймонӣ, Мастураи Баҳром, Фарзона Муродӣ, Меҳринисо Умарова, Тоҳир Мурувватов ва. .. низ бо ибрози ҳамдардии самимонаи худ бори дигар собит карданд, ки ба гуфтаи Саъдӣ:
Бани одам аъзои якдигаранд.
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.