Ноябр 22, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Зарурати иҷрои тарҳи интиқоли газ ва об миёни Эрону Тоҷикистон

Зарурати интиқоли газ аз Эрон ба Тоҷикистон ва об аз Тоҷикистон ба Эрон дар нишасти мақомҳои парлумонии ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.

Ба нақл аз Ирно, Алии Лориҷонӣ дар ҳошияи даҳумин Маҷмаи умумии Маҷмаи маҷолиси осиёӣ дар Истанбул бо Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси Тоҷикистон дидор кард .

Лориҷонӣ дар ин дидор бо ишора ба аҳаммияти афзоиши сармоягузорӣ миёни ду кишвар гуфт: Сармоягузорӣ ба хусус дар ҳавзаи барқу интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон ва интиқоли газ аз Эрон ба Тоҷикистон метавонад нуқтаи атфе дар афзоиши равобити ду кишвар бошад ва ниёзҳои мутақобилро рафъ кунад .

Вай бо ишора ба тавофуқи ахири вазири нерӯи Эрон бо тарафҳои тоҷик афзуд: Ширкатҳои эронӣ барои ҳузури иқтисодӣ дар Тоҷикистон омодагӣ доранд .

Лориҷонӣ дӯстии миёни Эрону Тоҷикистонро дорои решаҳои амиқ донисту афзуд: “Масоили печидаи ҳузури терроризм дар кишвари ҳамсояи Эрону Тоҷикистон, азиятҳое ба вуҷуд овардааст, ки бояд барои ҳалли он масоил дар Афғонистон, ҳамкорӣ ва музокира кунем”.

Муовини раиси Маҷлиси Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт: Зарурати тақвияти равобити дуҷониба байни Эрону Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо эҳсос мешавад .

Хайринисо Юсуфӣ бо ибрози ҳамдардӣ бо миллати Эрон ба далели ҳодисаи бурузи зилзила дар ғарби кишвар гуфт: Пайвандҳои миёни Эрону Тоҷикистон бисёр зиёд аст ва бояд ба самти тақвияти равобити дуҷониба пеш биравем .

Вай бо ибрози нигаронӣ аз вуҷуди масъалаи терроризм дар ҳамсоягии Эрону Тоҷикистон гуфт: Лозим аст, барои ҳалли мушкилоти терроризм пайвандҳо ва ҳамкориҳоро афзоиш дода муттаҳид бошем, ки дар ин замина рӯи кумаки ҷумҳурии исломии Эрон ҳисоб кардаем .