Қатъи муваққати пардохти нафақаи маъюбон дар Тоҷикистон
Ноябр 23, 2017 13:00 Asia/Dushanbe
Нафақаи беш аз се ҳазору 500 маълул дар Тоҷикистон ба таври муваққат қатъ шуд.
Ба гузориши Спутник, бо дастури Ожонси бимаи иҷтимоӣ ва ҳаққи бознишастагӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифз иҷтимоӣ ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки давлатии "Амонатбонк", пардохти ҳақи бознишастагӣ ба се ҳазору 580 нафар аз маълулони ин кишвар ба ҳолати таълиқ даромадааст.
Тибқи ин дастур бознишастагони маъюб барои барқарории дубораи ҳуқуқ ва нафақаи худ, бояд бори дигар мароҳили ташхиси тиббиро бигузаронанд ва маълулияти онон аз тарафи марокизи пизишкӣ таъйид шавад.
Дар маҷмӯъ 147 ҳазор нафар дар Тоҷикистон нафақаи маълулият дарёфт мекунанд, ки ин афрод, қишри осебпазир бо нафақаи ночиз маҳсуб мешаванд.