Август 18, 2016 14:37 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳоди афви умум кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаеро ба парлумони ин кишвар ироа дод, ки бар асоси он, беш аз 12000 нафар аз маҳбусини зиндонҳо озод хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо дар Душанбе ба нақл аз  дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, тибқи ин пешниҳод, ки рӯзи чаҳоршанбе ироа шуда, беш аз 3000 зиндонӣ аз зиндонҳо ва 4000 нафар, ки ҳукмшон ба ҳолати таълиқ даромада буд, афв хоҳанд шуд. Илова бар ин маҳкумияти беш аз 5000 нафар низ коҳиш ёфта, бозҷӯӣ аз онҳо қатъ мегардад.  Дар сурати тасвиби ин лоиҳа занон, навҷавонон, мардони болои 55 сол ва куҳнасарбозон низ афв хоҳанд шуд. Албатта, тибқи эъломи манбаъ, касоне, ки бинобар судури ҷиноятҳое чун қатл, терроризм, хушунатгароию дигар ҷурмҳое мисли ин маҳкум шудаанд, афв нахоҳанд шуд.

Ин лоиҳа ба муносибати 25 - умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ки рӯзи 9 сентябр ҷашн гирифта мешавад, пешниҳод шудаааст. Ба назар мерасад, парлумони Тоҷикистон ҳам бо афви пешниҳодии раисҷумҳур мувофиқат хоҳад кард.

 

Барчасп