Ҳукми зиндон барои ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбакистон ба иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир
(last modified 2017-12-09T07:32:14+00:00 )
Декабр 09, 2017 12:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбакистон ба иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир

Додситонии кулли Русия эълом кард, ҳашт шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон дар ин кишвар ба иттиҳоми фурӯши 85 кило героин ба ҳафт то 18 сол зиндон маҳкум шуданд.

Ба нақл аз сайти Додситонии кулли Русия, дар ҳукми додгоҳи вилояти Маскав таъкид шудааст, ин афрод, ки як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ барои фурӯши маводи мухаддир дар ин минтақа ташкил дода буданд, дар соли 2014 боздошт шуданд, аммо ба иллати ҷустуҷу барои пайдо кардани соири муттаҳамон, баррасии ин парванда се сол тӯл кашид .

Мақомоти Русия муътақиданд, бахши умдаи героини воридотӣ ба ин кишвар, ибтидо аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас аз онҷо ба Русия мунтақил мешавад .

Ин дар ҳолест, ки фармондеҳии марзбонии Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ беш аз як тонна ва 300 кило анвои маводи мухаддирро дар марзи кишвар бо Афғонистон кашфу забт кардааст .

Дар ин муддат, дар марзи муштараки кишвар бо Афғонистон, миёни марзбонон ва гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир беш аз 30 мавриди даргирӣ иттифоқ афтода, ки таи он 20 қочоқчӣ боздошт шудаанд .

Ахиран низ дар Душанбе, Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон 300 кило маводи мухаддирро сӯзонду нобуд кард.