Саҳми бимаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ дар буҷаи 2018-и Тоҷикистон
Давлати Тоҷикистон дар буҷаи соли 2018 барои бахши бимаи таъмини иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ, ду миллиарду 730 миллиону 823 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.
Ба гузориши сомонаи Вазорати дороии Тоҷикистон, буҷаи бимаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ барои соли 2018 аз ҳисоби пардохти молиёти шаҳрвандон ва кумакҳои молии бебозгашти хориҷӣ, таъмин хоҳад шуд.
Дар пешнависи буҷаи соли ояндаи давлати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид шудааст, танҳо дар мавориде, ки бимаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ ниёзи воқеӣ ва мазоёи лозимро пӯшиш надиҳад, кумакҳазинаҳо аз буҷаи давлат ба ин бахш ихтисос дода хоҳад шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон авосити моҳи ноябр ба Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ пешниҳод кард, ки барои муодилсозии ҳуқуқи бознишастагӣ ба ҳаддиақали дастмузд дар кишвар, роҳбурдеро омода ва дар арзи як моҳ барои таҷзия ва таҳлил ба маҷлис, ирсол кунад.
Зуҳуров хотирнишон кард, ки набояд танҳо рӯи сандуқи бознишастагӣ ҳисоб кард, балки бояд думболи гузинаҳои дигар низ барои афзоиши ҳуқуқи бознишастагии шаҳрвандон буд.
Назокат Одиназода, муовини аввали Оҷонси бимаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагии Тоҷикистон бо ишора ба ин, ки дар ҳоли ҳозир ҳаддиақали ҳуқуқи бознишастагӣ 270 сомонӣ ва ҳаддиаксар 748 сомонӣ аст, гуфта буд, андозаи ҳуқуқи бознишастагии шаҳрвандон бастагӣ ба тӯли муддати хидмати онҳо дорад.
Ба гуфтаи вай, теъдоди кулли бознишастагон дар Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 640 ҳазор нафар аст.