Декабр 14, 2017 18:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубодилоти тиҷорӣ - меҳвари ройзании нахуствазирони Тоҷикистон ва Туркия

Нахуствазири Тоҷикистон дар сафар ба Анкара бо ҳамтои турк дидор ва дар мавриди масоили мухталифи ду кишвар, баҳсу гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар чорчӯби нишасти Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Туркия бо Биналӣ Йилдирим, нахуствазири ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Тарафайн тайи ин дидор бо ибрози ризоят аз тавсеаи равобит, бар алоқамандии худ ҷиҳати густариши бештари гуфтугӯҳои сиёсӣ дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, санъатӣ, кишоварзӣ, омӯзишу парвариш ва гардишгарӣ таъкид карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин ба талоши мутақобил барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар, то як миллиадр доллар таъкид шуд.

Тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи санъати нассоҷӣ, энержии обӣ, маодин ва эҷоди ширкатҳои санъатии муштарак аз дигар мавзуоти гуфтугӯҳо буд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин дар заминаи соири масоили байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла вазъияти Ховари Миёна ва дӯрнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия, дар ин чорчӯб баҳсу табодул назар шуд.

Нахуствазирони Тоҷикистон ва Туркия ҳамчунин талош барои кудатои низомӣ, аз сӯи аҳзоб ва гурӯҳҳои террористӣ дар ҳар ду кишварро маҳкум ва барои таомули бештар дар заминаи амниятӣ, ибрози омодагӣ карданд.