Дар Тоҷикистон мухолифони давлат танҳо бар рӯйи коғаз вуҷӯд доранд
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, тарсу ваҳшат аз давлат мӯҷиб шудааст, дар ин кишвар аҳзоби сиёсии мухолифи давлат натавонанд фаъолият кунанд ва гурӯҳҳое ҳам, ки қаблан фаъол буданд танҳо бар рӯйи коғаз вуҷӯд доранд.
Ба гузориши сойти Top tj, Парвиз Муллоҷонов гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон аз 7 ҳизби расмӣ, 6 ҳизб ҳамсӯ бо давлат аст ва танҳо Ҳизби сотсиал-демократ мухолифи сиёсатҳои давлати Тоҷикистон аст, ки он ҳам амалан фаъолият намекунад.
Вай иллати умдаи арзи андом накардани аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии ҷадиди мухолифи давлати Тоҷикистонро вуҷӯди фазои тарсу ваҳшат дар ин кишвар унвон мекунад, ки пас аз эъломи террористӣ будани Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бар ин ҷумҳурӣ ҳоким шудааст.
Аз дидгоҳи вай боздошт ва зиндонӣ кардани теъдоди зиёде аз масъулон ва аъзои ин ҳизб ба иттиҳоми террорист будан мӯҷиб шуд, ки соири аҳзоб аз ин иқдомот битарсанд ва акнӯн масъулини ин гурӯҳҳо, ки дар гузашта аз мунтақидини сиёсатҳои давлати ин кишвар маҳсуб мешуданд, аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ шаванд ва аз мусоҳиба бо расонаҳои хабарӣ низ худдорӣ намоянд.