Декабр 23, 2017 10:08 Asia/Dushanbe
  • Муаммои баста шудани марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Дар ҳоле, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон баста шудани як гузаргоҳ ва панҷ пули иртиботӣ бо Афғонистонро рад мекунанд, манобеи давлатии Афғонистон муддаиянд, ки воқеан ҳам бархе манотиқи марзии ин ду кишвар ба таври якҷониба аз сӯйи Душанбе баста шудааст.

Ба гузориши “ТОП. тҷ”, як мақоми масъули давлати Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш бо таъйиди баста шудани бархе манотиқи марзӣ бо Афғонистон, далели ин иқдомро “беэътимодӣ ба марзбонони Афғонистон” эълом кардааст.

 Вай гуфтааст, ки пас аз кушта шудани сарҳанг Хайруддин Адҳамов, фармондеҳи посгоҳи марзии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсуддини Шоҳин дар шаби 2-юми декабр ба дасти як гурӯҳ аз қочоқчиёни маводи мухаддири афғон, акнун масири аслии иртиботии ду кишвар дар бандари Шерхон масдуд шудааст. Ин мақоми давлатии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд ин гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддири афғон бо ҳамкории марзбонони ин кишвар вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд.

Аз сӯйи дигар, Аҳмад Файсал Бекзод, волии Бадахшони Афғонистон таъкид кардааст, ки баста шудани роҳи иртиботии бандари Шерхон аз сӯйи Тоҷикистон барои бозаргонони ин кишвар мушкили зиёде эҷод мекунад ва мақомоти давлати Кобул талош доранд, ки омилони қатли фармондеҳи посгоҳи марзии Тоҷикистонро боздошт ва муҷозот кунанд.

Сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон дар фасли сармо ба далели кӯҳистонӣ будани ин минтақа ва бориши барфи зиёд иртиботе бо маркази ин кишвар надоранд ва сӯхту маводи ғизоии мавриди ниёзи хешро аз Тоҷикистон ворид мекунанд.