Бозгушоии марзи Афғонистон ва Тоҷикистон
Декабр 23, 2017 19:22 Asia/Dushanbe
Марзи Афғонистон ва Тоҷикистон пас аз панҷ рӯз, бозгушоӣ шуд.
Хонҷон Алкузий муовини утоқҳои тиҷорат ва саноати Афғонистон эълом кард, марзи Афғонистон ва Тоҷикистон, ки дар гузаргоҳҳои Ай-Хонум аз тавобеи устони Тахор ва Шерхон Бандар аз тавобеи устони Қундуз баста шуда буд, асри рӯзи ҷумъа пас аз панҷ рӯз бозгушоӣ шуд.
Гузаргоҳҳои Шерхон Бандар ва Ай-Хонум дар шимоли Афғонистон пас аз даргирии қочоқчиёни маводи мухаддир бо марзбонони Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта баста шуд. Гуфта мешавад, дар ин даргирӣ чанд марзбони тоҷик низ кушта ва захмӣ шуданд.