Декабр 25, 2017 10:26 Asia/Dushanbe
  • Гаронтарин ҳазинаҳои интиқоли кантинерии ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон

Ба далели рушд наёфтани хутути роҳи оҳани кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар ҳоли ҳозир гаронтарин ҳазинаи интиқоли кантинерӣ дар ҷаҳон дар ин минтақа ва бавижа дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ба гузориши сомонаи “Eurasiane”, Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, дар ҳоле, ки ҳазинаи воридоти коло бо кантинер дар ҷаҳон як ҳазору 877 доллар аст, ин шохис дар Тоҷикистон 10 ҳазор доллар, дар Узбакистон 6 ҳазору 452 доллар ва дар Қазоқистон 5 ҳазору 265 доллар эълом шудааст.

Бархе иқтисоддонон мӯътақиданд, ки ҳазинаи болои интиқоли коло бо кантинер аз тариқи роҳи оҳани кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки умдатан маҳсулоти воридотӣ аст бо вуҷуди изофа шудани молиёт ва таърифаҳои дохили ин ҷумҳуриҳо, амалан сӯде барои буҷаи ҳукуматҳои минтақа надорад.

Ин коршиносон мегӯянд, агарчи ин дар чорчӯби тариҳ эҳёи роҳи Абрешим мавсум ба "Як камарбанд, як ҷода" иқдом ба тавсеаи шабакаи роҳи оҳани хеш бо Қирғизистон, Узбакистон ва Эрон кунад, ин масири рейлӣ бидуни тардид дар коҳиши ҳазинаи интиқоли маҳсулот, нақш хоҳад дошт.

Чанд соле аст, ки Чин талош дорад роҳи оҳани худро аз тариқи Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон ба Эрон муттасил кунад, ки ин мавзӯъ, заминаи иртиботи рейлии ин кишварро бо Халиҷи Форс фароҳам месозад ва барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ коҳиши ҳазинаҳо ва афзоиши даромади молиро дар пай хоҳад дошт.

Ба ин манзур дар таърихи 27 декабри имсол дар Тошканди Узбакистон нишасти мақомоти кишварҳои воқеъ дар масири тарҳи роҳи оҳани ҷадиди минтақаӣ, баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, ин хатти рейлӣ аз Урумчи- маркази вилояти Синзиян Уйғури Чин ба Қирғизистон сохта шавад ва сипас дар масири худ бо убур аз Тошканд ва Самарқанди Узбакистон ба Ашқободи Туркманистон ва сипас ба Теҳрон Эрон бирасад.