Муҳоҷирати 60 дарсад аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
(last modified Mon, 01 Jan 2018 05:19:25 GMT )
Январ 01, 2018 10:19 Asia/Dushanbe
  • Муҳоҷирати 60 дарсад аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон аз муҳоҷирати 60 дарсад аз аъзои ин гурӯҳ ба хориҷ, хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Раҳматуллоҳ Зойиров гуфтааст, ки аз ҳашт ҳазору 120 нафар аз аъзои ин ҳизб,  60 дарсад ё чаҳор ҳазору 770 тан дар хориҷ басар мебаранд, ки аксари ин афрод ба унвони коргарони муҳоҷир фаъолият мекунанд.

Вай таъкид кардааст, ки ин теъдод аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамонанди миллионҳо шаҳрванди ин кишвар маҷбӯр ҳастанд, ки барои таъмини манобеи маишати хонаводаҳои хеш ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия ва Қазоқистон фаъолият кунанд.

Зойиров мӯътақид аст, дар се соли ахир беш аз 360 нафар аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар дохили ин кишвар ба далели фаъолиятҳои сиёсӣ, таҳти фишор қарор гирифтаанд.

Вай гуфтааст, гузориши бархӯрди хашин ва хилофи Қонуни асосӣ ва озодиҳои шаҳрвандии мақомоти интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон бо аъзои Ҳизби сотсиал-демократи ин кишвар ба наздикӣ ба мақомоти қазоии ин ҷумҳурӣ ва созмонҳои дидабони ҳуқуқи башар байналмилалӣ ироа хоҳад шуд.

Яке аз мавридҳои расонаӣ шуда, ҳамлаи се фарди ношинос ба худи Раҳматуллоҳ Зойиров шаби нӯҳуми ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе аст, ки мӯҷиби осеби шадиди дасти рости ӯ шуд.

Мақомоти идораи пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пас аз як моҳ таҳқиқ ба далели шиносоӣ нашудани ҳамлагарон, ин парвандаро махтума эълом кард.