Озодии масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Масъули созмони ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, пас аз 15 рӯзи боздошт дар боздоштгоҳи ин минтақа, озод шуд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Фарҳод Худоёров, ки шаби соли нави 2018 аз сӯи додгоҳи ноҳияи Рашт, ба иттиҳоми мушоҷираи лафзӣ бо раиси ин ноҳия ва барҳам задани амнияти кормандони ин идора ба 15 рӯз боздошт маҳкум шуда буд, бо гузаронидани ин муддат озод шуд.
Гуфта мешавад, раиси ноҳияи Рашт қаблан барои сохти хона ба масъули созмони ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон замин ихтисос дода буд, аммо пас аз сохти хона муддаӣ шуд, ки вогузарии ин замин ба Фарҳод Худоёров ғайриқонунӣ будааст. Замоне, ки Фарҳод Худоёров барои баррасии ин моҷаро ба идораи раиси ноҳияи Рашт рафта буд, миёни ӯ ва Қаноатшо Лоиқзода мушоҷираи лафзӣ рух дод, ки ба дастури ин мақоми масъули ҳукуматӣ, додгоҳи минтақа, ҳукми 15 рӯз зиндонро барои Фарҳод Худоёров содир кард.
Бо ин ҳол, ӯ бо беасос донистани далели боздошт ва маҳкумияти худ тамоми ин иттиҳомотро ба фаъолиятҳои сиёсиаш дар симмати раёсати созмони ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт муртабит донистааст.
Дар пайи ин ҳодиса, Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон дархост карда буд, ки дар моҷарои зиндонӣ шудани як узви ин ҳизб дар ноҳияи Рашт мудохила кунад. Вай аз Эмомалӣ Раҳмон дархост карда буд, ки бо арзёбии ҳуқуқии амалкарди раиси ноҳияи Рашт, барои озодии Фарҳод Худоёров мусоидат кунад.
Зоҳиран ин дархост ба ҷое нарасид ва Фарҳод Худоёров бо гузаронидани 15 рӯз маҳкумият, акнун озод шудааст.