Маҳкумияти дубораи як зиндонии тоҷик ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ аз дохили зиндон
(last modified 2018-01-16T10:03:49+00:00 )
Январ 16, 2018 15:03 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти дубораи як зиндонии тоҷик ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ аз дохили зиндон

Як зиндонии тоҷик дар Русия, ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ аз дохили зиндоне дар шаҳри Ярослав дар маркази Русия ба муддати 10 соли дигар аз озодӣ маҳрӯм шуд.

Ба нақл аз бахши кумитаи бозрасии Русия, ин шаҳрванди 32 солаи тоҷик таи моҳҳои февралу марти соли 2017 ба тарғиби зиндониён барои пайвастан ба суфуфи гурӯҳи террористии ДИИШ иқдом кардааст .

Ин фард ҳадди ақал як нафар аз зиндониёнро ба гароиш ба ДИИШ водор карда буд, то пас аз озодӣ ба Сурия биравад ва ба ин гурӯҳ мулҳақ шавад .

Қарор буд, зиндониёни иғфолшуда пас аз озодӣ ва касби таҷрубаи ҷангӣ дар Сурияву Ироқ, ба Русия баргарданд ва иқдомоти террористӣ анҷом диҳанд .

Ҳануз мақомоти расмии Тоҷикистон ба ин хабар вокунише нишон надодаанд .