Январ 17, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди намояндаи Тоҷикистон бар дифоъ аз ҳуқуқи миллати Фаластин

Намояндаи кишвари Тоҷикистон дар дуввумин рӯзи сездаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Теҳрон, аз ормонҳоу ҳуқуқи миллати Фаластин ҳимоят кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулҷаббор Азиз, муовини раиси Маҷлиси Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт: Кишвараш ҳамеша аз Фаластин ва Байтулмуқаддас ҳимоят кардааст ва Қудсро ба унвони пойтахти доимии Фаластин ба расмият мешиносад.

Вай таъмини сулҳу амният дар минтақаро бо иттиҳоди кишварҳои исломӣ муяссар донисту афзуд: Барои эҳтиром ба андешаву таҳаммулпазирии дини ислом, бояд симои поки исломро тавсеа ва тарвиҷ дод, то бархе натавонанд аз номи ислом сӯиистифода кунанд.

Дар нишасти имрӯз ҳамчунин Умар ибни Довуд, ноибраиси Маҷлиси ҷумҳурии Чад ва Салифо Теймура, ноибраиси Маҷлиси Буркина Фасо бо таъкид бар ҳимоят аз ормони миллати Фаластин, бар ҳушёрии кишварҳои исломӣ ва иттиҳод дар баробари терроризм, таъкид ва иқдоми Амрико дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум карданд .

Сездаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки рӯзи гузашта дар Теҳрон оғоз ба кор кард, имрӯз бо интишори баёнияе ба кори худ поён медиҳад .

 

Барчасп