Тасвиби Қонуни афв дар парлумони Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии худ бо пешниҳоди раиси ҷумҳурии ин кишвар бинобар афви 12 ҳазор нафар аз маҳкумони додгоҳҳои ин кишвар мувофиқат кард.
Ба гузориши хабаргузори Форс, намояндагони Тоҷикистон имрӯз тарҳи Қонуни афвро, ки чанд рӯз қабл аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод шуда буд, тасвиб карданд.
Бар асоси ин қонун, 12 ҳазор маҳкуми додгоҳҳои Тоҷикистон афв мешаванд.
Юсуф Раҳмон - додситон кулли Тоҷикистон дар бораи ин тарҳ гуфт: Бар ин асос ба истиснои касоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, бақияи зиндонён афв хоҳанд шуд.
Ин қонун дорои 22 банд аст, ки намояндагони парлумони Тоҷикистон пас аз баҳсу баррасии дусоата бо тасвиби он мувофиқат карданд.
Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 17 август ва дар остонаи биступанҷумин солгарди истиқлоли ин кишвар тарҳи Қонуни афвро ба парлумон пешниҳод кард.
Қонуни афв пас аз тасвиб дар парлумони Тоҷикистон ба муддати 3 моҳ иҷро мешавад.