Феврал 06, 2018 14:59 Asia/Dushanbe
  • Моҳи март - намоишгоҳи санъатии Ӯзбакистон дар Душанбе

Мақомоти тоҷик ва ӯзбак барои баргузории намоишгоҳи тавлидоти санъатии Ӯзбакистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши “СА-нюс”, дар дидори Шариф Саид, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва Ботирҷон Асадов, муовини раиси утоқи бозаргонии Ӯзбакистон ду тараф мувофиқати худро барои баргузории ин намоишгоҳ дар моҳи марти имсол эълом карданд.

Шариф Саид дар ин замина гуфтааст, сафари ҳайати иқтисодии Ӯзбакистон ва тавофуқ барои намоишгоҳи санъатии Ӯзбакистон дар Душанбе дар чорчӯби фаъолияти комиссияи ҳамкориҳои муштараки ду кишвари ҳамсоя сурат гирифтааст.

Тошканд ва Душанбе дар ҳоли тай кардани раванди пуршитоби ҳамгароиҳо ҳастанд.

Ин раванд пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии фақиди Ӯзбакистон ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев оғоз шудааст.